Он ки дили ман чу гӯй дар хами чавгони уст

95

Он ки дили ман чу гӯй дар хами чавгони уст,
Мавқифи1 озодагон бар сари майдони ӯст.

Раҳ ба дар аз кӯи дӯст нест, ки берун баранд,
Силсилаи пои ҷамъ зулфи парешони ӯст.

Чанд насиҳат кунанд бехабаронам ба сабр?
Дарди маро, эй ҳаким, сабр на дармони ӯст.

Гар кунад инъом ӯ дар мани мискин нигоҳ,
В-ар накунад, ҳоким аст, банда ба фармони ӯст.

Гар бизанад бе гуноҳ, одати бахти ман аст,
В-ар бинавозад ба лутф, ғояти эҳсони ӯст.

Майл надорам ба боғ, унс нагирам ба сарв,
Сарве агар лоиқ аст, қадди хиромони ӯст.

Чун битавонад нишаст, он ки дилаш ғоиб аст?
Ё битавонад гурехт, он ки ба зиндони ӯст?

Ҳайрати ушшоқро айб кунад бебасар,
Баҳра надорад зи айш, ҳар кӣ на ҳайрони ӯст.

Чун ту гуле кас надид дар чамани рӯзгор,
Хоса, ки мурғе чу ман булбули бустони ӯст.

Гар ҳама мурғе зананд сахткамонон ба тир,
Ҳайф бувад булбуле, к-ин ҳама дастони ӯст.

Саъдӣ, агар толибӣ, роҳ раву ранҷ бар,
Каъбаи дидори дӯст сабри биёбони ӯст.


1 Ҷои истодан.