Он ки рухсори туро ранги гули насрин дод

112

Он ки рухсори туро ранги гули насрин дод,
Сабру ором тавонад ба мани мискин дод.

В-он ки гесӯи туро расми татовул омӯхт,
Ҳам тавонад карамаш доди мани ғамгин дод.

Ман ҳамон рӯз зи Фарҳод тамаъ бибридам,
Ки инони дили шайдо ба лаби Ширин дод.

Ганҷи зар гар набувад, ганҷи қаноат боқист,
Он ки он дод ба шоҳон, ба гадоён ин дод.

Хуш арӯсест ҷаҳон аз раҳи сурат, лекин
Ҳар кӣ пайваст бад-ӯ, умри худаш ковин дод.

Баъд аз ин дасти ману домани сарву лаби ҷӯй,
Хоса акнун, ки сабо муждаи фарвардин дод.

Дар кафи ғуссаи даврон дили Ҳофиз хун шуд,
Аз фироқи рухат, эй Хоҷа Қавомуддин, дод!