Он ки чунон меравад, ай аҷаб, ӯ ҷони кист?!

146

Он ки чунон меравад, ай аҷаб, ӯ ҷони кист?!
Сахт равон меравад, сарви хиромони кист?!

Ҳалқаи он ҷаъди ӯ силсилаи пойи кист?!
Зулфи чалиповашаш офати имони кист?!

Дулдули мо суратест, ай аҷаб, он нақши кист?!
В — ин ҳама бӯҳои хуш аз суйи бустони кист?!

Дидам он шоҳро, он шаҳи огоҳро,
Гуфтам: Ин шоҳ кист?! Хусраву султони кист?!»

Чун сухани ман шунид, гуфт ба хосони хеш,
К-ин ҳама дуд аз куҷост, ҳоли парешони кист?!

Ақл равон сӯбасӯ, рӯҳ давон кӯбакӯ,
Дил ҳама дар ҷустуҷӯ, ё Раб, ҷӯёни кист?!

Дил чи ниҳӣ дар ҷаҳон, бош дар ӯ меҳмон,
Бандаи он шав, ки ӯ донад миҳмони кист!

Дар дили ман доругир ҳаст дусад шоҳу мир,
Ин дили пурғулғула маҷлису айвони кист?!

Арсаи дил бекарон, гум шуда дар вай ҷаҳон,
Ай дили дарёсифат сина биёбони кист?!

Ғам чи кунад бо касе, донад ғам аз куҷост?!
Шоди абад гашт он-к донад шодони кист!

Ай зада лофи карам, гуфта, ки ман муҳсинам,
Марги ту гӯяд туро, к-ин ҳама иҳсони кист!

Он дам, к-ин дӯстон бо ту дигаргун шаванд,
Пас ту бидонӣ, ки ин ҷумла тилисмони кист!

Нақди суханро бимон, сиккаи султон биҷӯ,
К-ай зари комилъиёр, нақди ту аз кори кист?!