Он кӣ дар роҳату танаъъум зист

Он кӣ дар роҳату танаъъум зист,
Ӯ чӣ донад, ки ҳоли гурсуна чист?
Ҳоли дармондагон касе донад,
Ки ба аҳволи хеш дармонад.