Он лоларух, ки бошад аз доғи мо фароғаш

Он лоларух, ки бошад аз доғи мо фароғаш,
Аз дида рафт, лекин аз дил нарафт доғаш.

Сарве ба тозагӣ буд аз боғи лутф руста,
Зад сели қаҳр мавҷе, канд аз ҳарими боғаш.

Хуррам гуле ба бустон бишкуфт баъди умре,
Нодида сер булбул, тороҷ кард зоғаш.

Онро, ки ин шамома даврон рабояд аз каф,
Мушкил, ки ҳеҷ атре мушкин кунад димоғаш.

З-он гумшуда, надонам, боре нишон кӣ гӯяд?
Ҷое нарафт, к-аз кас кардан тавон суроғаш.

Дилро раҳи буруншуд кай бошад аз шаби ғам,
К-аз боди бениёзӣ бенур шуд чароғаш.

Ин сон, ки шуғли ҳиҷрон шуд ранҷбахши Ҷомӣ,
Кай хоби роҳат ояд бар бистари фароғаш.