Он маҳ ба ҷониби сафар оҳанг мекунад

Он маҳ ба ҷониби сафар оҳанг мекунад,
Саҳрову шаҳр бар дили мо танг мекунад.

Ай номабар, ба маҷлиси ӯ номи ман мабар,
К-аз гуфтугӯйи номи манаш нанг мекунад.

Шарҳи камоли шавқ ҳамин бас, ки чашми ман
Унвони ин саҳифа ба хун ранг мекунад.

Ошиқ фишонда ҷон ба раҳи Каъбаи мурод,
Зоҳид нишаста пурсиши фарсанг мекунад.

Сад чанг мекашем ба уммеди як сафо,
Чун мебарем номи сафо, ҷанг мекунад.

Нашнидаӣ ба самъи қабул, арчи муҳтасиб
Манъи самои бонги наю чанг мекунад.

Ҷомӣ кунад ба сахтдилӣ ёрро итоб,
Ҷоми тунук муҷодала1 бо санг мекунад.


1 Муҷодала – низоъ ва ситеза.