Он нафасе, ки бо худӣ, ёр чу хор оядат

82

Он нафасе, ки бо худӣ, ёр чу хор оядат,
В-он нафасе, ки бе худӣ, ёр чи кор оядат?!

Он нафасе, ки бо худӣ, худ ту шикори пашшайӣ,
В-он нафасе, ки бе худӣ, пил шикор оядат!

Он нафасе, ки бо худӣ, бастаи абри ғуссайӣ,
В-он нафасе, ки бе худӣ, маҳ ба канор оядат!

Он нафасе, ки бо худӣ, ёр канора мекунад,
В-он нафасе, ки бе худӣ, бодаи ёр оядат!

В-он нафасе, ки бо худӣ, ҳамчу хазон фусурдайӣ.
В-он нафасе, ки бе худӣ, дай чу баҳор оядат!

Ҷумлаи беқарорият аз талаби қарори туст,
Толиби беқарор шав, то ки қарор оядат!

Ҷумлаи ногуворишат аз талаби гувориш аст,
Тарки гувориш ар кунӣ, заҳр гувор оядат!

Ҷумлаи бемуродият аз талаби муроди туст,
Варна ҳама муродҳо ҳамчу нисор оядат!

Ошиқи ҷаври ёр шав, ошиқи миҳри ёр шав,
То ки нигори нозгар ошиқи зор оядат!

Хусрави Шарқ Шамси дин аз Табрез чун расад,
Аз маҳу аз ситораҳо, валлаҳ, ор оядат!