Он на зулф асту буногӯш, ки рӯз асту шаб аст

51

Он на зулф асту буногӯш, ки рӯз асту шаб аст,
В-он на болои санавбар, ки дарахти рутаб аст.

На даҳонест, ки дар ваҳми сухандон ояд,
Магар андар сухан оию бидонад, ки лаб аст.

Оташи рӯи ту з-ин гуна, ки дар халқ гирифт,
Аҷаб аз сухтагӣ нест, ки хомӣ аҷаб аст.

Одамӣ нест, ки ошиқ нашавад вақти баҳор,
Ҳар гиёҳе, ки ба Наврӯз наҷунбад, ҳатаб1 аст.

Ҷунбиши сарв, ту пиндорӣ, к-аз боди сабост,
На, ки аз нолаи мурғони чаман дар тараб аст.

Ҳар касеро ба ту ин майл набошад, ки маро,
К-офтобӣ туву кӯтоҳназар мурғи шаб аст.

Хоҳам андар талабат умр ба поён овард,
Гарчи роҳам на ба андозаи пои талаб аст.

Ҳар қазое сабабе дораду ман дар ғами дӯст,
Аҷалам мекушаду дарди фироқаш сабаб аст.

Сухани хеш ба бегона намеёрам гуфт,
Гила аз дӯст ба душман на тариқи адаб аст.

Лекин ин ҳол муҳол аст, ки пинҳон монад,
Ту зиреҳ медарию пардаи Саъдӣ қасаб2 аст.


1 Ҳезум.
2 Ҳарир, катони нозук.