Он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман

[…] Чун лашкар аз ҳарду тараф рӯй дар ҳам оварданд, аввал касе, ки асп дар майдон ҷаҳонид, ин писар буд, ва гуфт:

Он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман,
Он манам, гар дар миёни хоку хун бинӣ саре.
К-он кӣ ҷанг орад, ба хуни хеш бозӣ мекунад
Рӯзи майдон в-он кӣ бигрезад, ба хуни лашкаре. […]

Ҳикоят мекунанд, ки он вақтҳо душмани нерӯманде ба подшоҳ (ва сарзаминаш) ҳуҷум кард. Чун лашкари ду тараф дар муқобили якдигар қарор гирифтанд, аз миёни ҳама лашкариён, он шоҳзода (-и хурду кӯтоҳқад) аввалин шуда, бо аспи худ ба майдони ҷанг ворид шуда, чунин гуфт:

— (Ман аз майдони ҷанг ҳаргиз намегурезам ва) рӯзи ҷанг пушти маро касе намебинад ва агар дар миёни хоку хун сари буридаеро дидӣ, шояд он сар, сари ман бошад (зеро ман омодаам, ки сари худро дар ҷанг барои ватан фидо кунам.)

Ҷанговаре, ки ҳангоми ҷанг (рӯзи майдон) бо душман далерона мубориза мебарад, танҳо ҷони худро дар хатар мегузорад, аммо касе, ки рӯзи ҷанг аз майдон мегурезад, бо ҷони тамоми лашкар бозӣ мекунад ва ё ҷони тамоми лашкарро дар хатар мегузорад. (Зеро, дар натиҷаи тарс ва гурехтани ӯ рӯҳияи ҳамаи лашкариён мешиканад ва ҳама мегурезанд ва душман ғалаба мекунад ва ҳамаро мекушад. Пас, касе, ки мегурезад, хуни тамоми лашкар ба гардани ӯст.)