Он раҳ, ки биёмадам, кадом аст

113

Он раҳ, ки биёмадам, кадом аст,
То боз равам, ки кор хом аст?!

Як лаҳза зи кӯйи ёр дурӣ
Дар мазҳаби ошиқон ҳаром аст!

Андар ҳама диҳ агар касе ҳаст,
Валлаҳ, ки ишорате тамом аст!

Саъва зи куҷо раҳад, ки симурғ
Побастаи ин шигарф дом аст?!

Оворадило, маё бад-ин сӯй,
Он ҷо бинишин, ки хуш мақом аст!

Он нуқл гузин, ки ҷонфазой аст,
В-он бода талаб, ки боқивом1 аст!

Боқӣ ҳама бӯву нақшу ранг аст,
Боқӣ ҳама ҷангу нангу ном аст!

Хомӯш куну зи пой биншин,
Чун мастиву ин канори бом аст!


1 Асл, тоза, пок.