Он сарви ноз бин, ки чӣ хуш меравад ба роҳ

486

Он сарви ноз бин, ки чӣ хуш меравад ба роҳ,
В-он чашми оҳувона, ки чун мекунад нигоҳ.

Ту сарв дидаӣ, ки камар баст бар миён,
Ё моҳи чордаҳ, ки ба сар барниҳад кулоҳ?

Гул бо вуҷуди ӯ чу гиёҳ аст пеши гул,
Маҳ пеши рӯи ӯ чу ситора-ст пеши моҳ.

Султонсифат ҳамераваду сад ҳазор дил
Бо ӯ чунон, ки дар паи султон равад сипоҳ.

Гӯянд, аз ӯ ҳазар куну роҳи гурез гир,
Гӯям, куҷо равам, ки надонам гурезгоҳ?!

Аввалназар, ки чоҳи занахдон бидидамаш,
Гӯӣ даруфтод дил аз дасти ман ба чоҳ.

Дил худ дареғ нест, ки аз дасти ман бирафт,
Ҷони азиз бар кафи даст аст, гӯ, бихоҳ!

Эй ҳар ду дида, пой ки бар хок мениҳӣ,
Охир, на бар ду дидаи ман беҳ ки хоки роҳ?

Ҳайф аст аз он даҳан, ки ту дорӣ ҷавоби талх,
В-он синаи сафед, ки дорад дили сиёҳ.

Бечорагон бар оташи меҳрат бисӯхтанд,
Оҳ аз ту сангдил, ки чӣ номеҳрбонӣ, оҳ!

Шаҳре ба гуфтугӯи ту дар тангнои шавқ
Шаб рӯз мекунанду ту дар хоби субҳгоҳ.

Гуфтам, бинолам аз ту ба ёрону дӯстон,
Бошад, ки дасти зулм бидорӣ зи бегуноҳ.

Бозам ҳифоз домани ҳиммат гирифту гуфт:
Аз дӯст ҷуз ба дӯст мабар, Саъдиё, паноҳ!