Он ҷоми тарабшикор бар дастам неҳ

38

Он ҷоми тарабшикор бар дастам неҳ
В-он соғари чун нигор бар дастам неҳ.
Он май, ки чу занҷир бипечад бар худ,
Девона шудам, биёр, бар дастам неҳ!