Ошиқонро қути ҷон аз лаъли шаккарханд кун

Ошиқонро қути ҷон аз лаъли шаккарханд кун,
Саркашонро пойи дил дар зулфи мушкин банд кун.

Сӯхт ҷонам дар таманнои лаби ширини ту,
Талхкомеро ба дашноме зи худ хурсанд кун.

Гар гусаст аз дасти мазлумон инони тавсанат,
Риштаи ҷон аз танам баркан, бад-он пайванд кун.

То ба каф фориғ гузаштан аз гирифторони дил?
Гӯшаи чашме ба ҳоли нотавоне чанд кун!

Акси лаб бар ҷоми май бинмою он гаҳ хуш бинӯш,
Шарбати талх аст, онро чошнӣ аз қанд кун.

Ваъдаи васл ар диҳӣ, хуш кун ба савганде дилам,
Нақди ҷон бистон зи ман, каффорати савганд кун.

Монда ҳоҷатманди як дидор Ҷомӣ бар дарат,
Раҳмате бар ҳоли дарвешони ҳоҷатманд кун!