Ошён месозад аз хас булбули бесабру ҳуш

Ошён месозад аз хас булбули бесабру ҳуш,
Мекунад з-ағёр ҳоли хешро хошокпӯш.

Вақти гул бошад ғанимат, ҷуз ба ишрат магзарон,
Дам ба дам дар гӯши ҳушам гӯям ин маънӣ сурӯш.

Рӯйи ҳиммат кай кунад дар маснади тамкини шоҳ,
Чун ниҳад бар хуми май пушти фароғат майфурӯш.

Заъфи пириро даво кардам талаб, гуфт он ҳаким,
Навҷавонӣ ҷӯю бар рӯяш шароби лаъл нӯш.

Дар чаман аз лаззати гуфту шуниди васфи ту
Ғунчаҳо як сар даҳан гаштанду гулҳо ҷумла гӯш.

Доғ бар дил, рахна бар ҷон, сар ба саҳро додаӣ
Галла-галла безабононро бад-ин доғу дурӯш.

Рух намудӣ, Ҷомӣ, аз васфи ту чун бандад забон,
Кори булбул нест вақти гул, ки биншинад хамӯш!