Падар чун даври умраш мунқазӣ гашт

Падар чун даври умраш мунқазӣ гашт,
Маро ин як насиҳат карду бигзашт,

Ки шаҳват оташ аст, аз вай бипарҳез,
Ба худ-бар оташи дӯзах макун тез.

Дар он оташ надорӣ тоқати сӯз,
Ба сабр обе бар ин оташ зан имрӯз!