Панди замона

1. Замона1 панде озодвор2 дод маро,
Замонаро чу некӯ бинигарӣ, ҳама панд аст.

2. Ба рӯзи неки касон, гуфт, то3 ту ғам нахурӣ,
Басо касо4, ки ба рӯзи ту орзуманд5 аст.

3. Замона гуфт маро: “Хашми хеш дор нигоҳ,
Киро6 забон на ба банд аст, пой дар банд аст”.

ВАЗН: муҷтасси мусаммани махбуни аслам (мафоилун фаилотун мафоилун фаълун).

КАЛИМАҲОИ ҚОФИЯ: орзуманд, дар банд.

РАДИФ: аст.

Луғат:

1. Замона: рӯзгор, айём, зиндагӣ.

2. Озодвор: аз рӯйи озодагию ҷавонмардӣ, бе риёву тазвир.

3. То: ин ҷо ба маънии зинҳор, ҳаргир, ба ҳуш бош ба кор рафтааст, яъне, ба зиндагии хуши дигарон ҳаргиз ҳасад мабар.

4. Басо касо: чӣ бисёр касон, бисёр одамон.

5. Орзуманд: умедвор.

6. Киро: он касеро.

Маънии байти 1: Зиндагӣ панди бериёву ошкоро ба ман дод, воқеан, агар ба зиндагию рӯзгорат ба чашми ибрат нигарӣ, метавонӣ аз ҳар амалу воқеаҳои он панд бигирӣ.

Маънии байти 2: Рӯзгор ба ман чунин панд дод: Ба зиндагии хуши дигарон зинҳор ҳасад мабар, зеро бисёр одамон ҳастанд, ки монанди ту зиндагӣ доштанро орзу мекунанд.

Маънии байти 3: Рӯзгор манро насиҳат намуд, ки хашми хешро нигаҳ дорам, зеро касе, ки забонаш тобеаш нест, яъне, бе андеша сухан мекунад, пояш дар банд аст.

Шоир дар байти сеюм санъати ирсоли масалро ба кор бурдааст: «Касеро забон на дар банд аст, пой дар банд аст». Ин масал дар шакли дигар бештар машҳур аст: «Забони сурх сари сабз медиҳад бар бод».