Панди рӯзгор

Ҳар киро Эзад-ш1 лахте2 ҳуш дод,
Рӯзгор ӯро басанда устод.
Ҳар кӣ н-омухт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеч омӯзгор.

ВАЗН: Рамали мусаддаси маҳфуз (фоилотун фоилотун фоилун).

КАЛИМАҲОИ ҚОФИЯ: дод, устод, рӯзгор, омӯзгор.

РАДИФ: надорад.

Луғат:

1. Эзад-ш: Худовандаш.

2. Лахте: ҳиссае, қисме, андаке.

Маънии қитъа: Ҳар киро Худованд андаке ақлу ҳуш додааст, ӯро зиндагӣ устоди сазовор асту аз ҳар воқеаву ҳодисаи рӯзгор панд мегирад ва умрашро ба беҳуда намегузаронад, аммо касе, ки аз гузашти умр панд намегираду чӣ тавр зиндагӣ карданро намеомӯзад, ҳеч як омӯзгор вайро ба роҳи дурусти зиндагӣ наметавонад ҳидоят бикунад.