Парвона намешикебад аз дур

303

Парвона намешикебад аз дур,
В-ар қасд кунад, бисӯзадаш нур.

Ҳар кас ба тааллуқе гирифтор,
Соҳибназарон ба ишқи манзур1.

Он рӯз, ки рӯзи ҳашр бошад,
Девони ҳисобу арзи маншур2,

Мо зинда ба зикри дӯст бошем,
Дигар ҳаявон ба нафхаи сур.

Ё Раб, ки ту дар биҳишт бошӣ,
То кас накунад нигоҳ дар ҳур.

Мо масти шароби ноби ишқем,
На ташнаи Салсабилу Кофур3.

Бим аст, шарори оҳи муштоқ,
К-оташ бизанад ҳиҷоби мастур.

Ман донаму дардманди бедор
Оҳанги шаби дарози дайҷур.

Охир, зи ҳалоки мо чӣ хезад?
Симурғ чӣ мекунад ба усфур4?

Наздик намешавӣ ба сурат,
В-аз дидаи дил намешавӣ дур.

Аз пеши ту роҳи рафтанам нест,
Гардан ба каманд беҳ, ки маҳҷур.

Саъдӣ, чу муродат ангубин аст,
Воҷиб бувад эҳтимоли занбур.


1 Муроду мақсуд.
2 Арзаи фармони Худованд.
3 Номи чашмаҳо дар биҳишт.
4 Гунҷишк.