Пеши чунин моҳрӯ гиҷ шудан воҷиб аст

148

Пеши чунин моҳрӯ гиҷ шудан воҷиб аст,
Ишрату парвонаро шамъу лаган воҷиб аст!

Ҳаст зи чанги ғамаш гӯши маро кашмакаш,
Ҳар дамам аз чанги ӯ тантани тан воҷиб аст!

Далви ду чашми маро гарчи ки кам нест об,
Мардумаки дидаро чоҳи зақан воҷиб аст!

Дилбари чун моҳро ҳар чи кунад, мерасад,
Ошиқи даргоҳро хулқи ҳасан воҷиб аст!

Турраи хеш, ай нигор, худ ба кафи ман супор,
Ҳар ки дар ин чаҳ фитод, дод расан, воҷиб аст!

Ишқ, ки шаҳри хушист, ин ҳама ағёр чист?!
Ҳифзи чунин шаҳрро бурҷу бидан воҷиб аст!

Ғамзаи дуздидаро шаҳнаи ғам дар пай аст,
Равшании дидаро хуби Хутан воҷиб аст!

Ошиқи Исо найӣ, бо хуру хар кай зийӣ,
Колбади мурдаро гӯру кафан воҷиб аст!

Марями ҷонро мухоз бурд ба нахлу риёз,
Мунқатиъи дардро назли ватан воҷиб аст!

Назли дили боркаш ҳаст мулоқоти х(в)аш,
Ноқаи пурфоқаро шурбу атан воҷиб аст!

Лутф кун, ай кони қанд, роҳи даҳонам бибанд,
Уштури сармастро банди даҳан воҷиб аст!