Пеш аз инат беш аз ин андешаи ушшоқ буд

206

Пеш аз инат беш аз ин андешаи ушшоқ буд,
Меҳрварзии ту бо мо шуҳраи офоқ буд.

Ёд бод он суҳбати шабҳо, ки бо нӯшинлабон
Баҳси сирри ишқу зикри ҳалқаи ушшоқ буд.

Пеш аз он к-ин сақфи сабзу тоқи мино баркашанд,
Манзари чашми маро абрӯи ҷонон тоқ буд.

Аз дами субҳи азал то охири шоми абад
Дӯстию меҳр бар як аҳду як мисоқ буд.

Сояи маъшуқ агар афтод бар ошиқ, чӣ шуд,
Мо ба ӯ муҳтоҷ будем, ӯ ба мо муштоқ буд.

Ҳусни маҳрӯёни маҷлис гарчи дил мебурду дин,
Баҳси мо дар лутфи табъу хубии ахлоқ буд.

Бар дари шоҳам гадойӣ нуктае дар кор кард,
Гуфт: Бар ҳар хон ки биншастам, Худо раззоқ буд.

Риштаи тасбеҳ агар бигсаст, маъзурам бидор,
Дастам андар соиди соқии симинсоқ буд.

Дар шаби қадр ар сабӯҳӣ кардаам, айбам макун,
Сархуш омад ёру ҷоме бар канори тоқ буд.

Шеъри Ҳофиз дар замони Одам андар боғи хулд
Дафтари насрину гулро зинати авроқ буд.