Пирмарде латиф дар Бағдод

Пирмарде латиф дар Бағдод
Духтарашро ба кафшдӯзе дод.

Мардаки сангдил чунон бигазид
Лаби духтар, ки хун аз ӯ бичакид.

Бомдодон падар чунон дидаш,
Пеши домод рафту пурсидаш,

К-эй фурӯмоя, он чӣ дандон аст,
Чанд хоӣ лабаш, на анбон аст.

Ба мазоҳат нагуфтам ин гуфтор,
Ҳазл бигзору ҷид аз ӯ бардор!

Хӯи бад дар табиате, ки нишаст,
Нараҳад чуз ба вакти марг аз даст.