Писареро падар васият кард

Писареро падар васият кард,
К-эй ҷавонбахт, ёд гир ин панд.
Ҳар кӣ бо аҳли худ вафо накунад,
Нашавад дӯструю давлатманд.