Подоши амал

1. Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт1.

2. Ин теғ на аз баҳри ситамкорон карданд,
Ангур на аз баҳри набиз2 аст ба чархушт3.

3. Исо4 ба раҳе дид яке кушта фитода,
Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт,

4. Гуфто, ки “киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?
То боз кӣ ӯро бикушад, он ки туро кушт?”

5. Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт!

ВАЗН: Ҳазаҷи мусаммани ахрабу макфуфу мақсур (Мафъӯлу мафоӣлу мафоӣлу мафоӣл).

КАЛИМАҲОИ ҚОФИЯ: кушт, фаромушт, чархушт, ангушт…

РАДИФ: надорад.

Луғат:

1. Фаромушт: фаромӯш.

2. Набиз: шароби хурмо.

3. Чархушт: зарф ё ҳавзчаи махсус, ки дар он ангурро пахш карда, обашро мегиранд.

4. Исо: Масеҳо, пайғамбари дини насронӣ.

Маънии байти 1: Чун ба мансабу мақом расидию соҳиби қудрату ҳукумат шудӣ, набояд ба мардум зулм кунию онҳоро нобуд созӣ. Ҳеч як бадию бадкорӣ аз назари Худованд пӯшида намемонад, касе, ки бадӣ кард, ҳатман подошашро мебинад.

Маънии байти 2: Ин теғу шамшерро на барои мардуми ситамкор сохтаанд, ки одамони бегуноҳро бикушанд, балки он барои муҳофизати марзу буми ватан аст. Ангур танҳо барои шаробсохтан ва дар чархушт андохтан нест.

Маънии байти 3 ва 4: Пайғомбар Исо дар роҳ як инсони кушташударо диду ҳайрон шуду ангушти надомат газиду гуфт: Эй инсон, ту киро куштӣ, ки ба ҷазои он туро куштаанд? Он касе ки туро куштааст, албатта, кушта хоҳад шуд, зеро ҳар амалеро ҷавобе ҳаст.

Маънии байти 5: Ҳеч касро ҳатто бо нӯги ангушт озор мадеҳ, то туро бо мушт назананд, зеро ба таъбири халқ, «кулӯхандозро подош санг аст».