Пои сарви бӯстонӣ дар гил аст

72

Пои сарви бӯстонӣ дар гил аст,
Сарви моро пои маънӣ дар дил аст.

Ҳар кӣ чашмаш бар чунон рӯй уфтод,
Толиъаш маймуну фолаш муқбил1 аст.

Некхоҳонам насиҳат мекунанд,
Хишт бар дарё задан беҳосил аст.

Эй бародар, мо ба гирдоб-андарем,
В-он ки шунъат2 мезанад, бар соҳил аст.

Шавқро бар сабр қувват ғолиб аст,
Ақлро бо ишқ даъво ботил аст.

Нисбати ошиқ ба ғафлат мекунанд,
В-он ки маъшуқе надорад, ғофил аст.

Дида бошӣ ташна, мустаъҷил ба об?
Ҷон ба ҷонон ҳамчунон мустаъҷил аст.

Базли ҷоҳу молу тарки ному нанг
Дар тариқи ишқ аввалманзил аст.

Гар бимирад толибе дар банди дӯст,
Саҳл бошад, зиндагонӣ мушкил аст.

Ошиқе мегуфту хуш-хуш мегирист,
Ҷон биёсояд, ки ҷонон қотил аст.

Саъдиё, наздики рои ошиқон
Халқ маҷнунанду маҷнун оқил аст.


1 Неку фархунда.
2 Таънаву сарзаниш.