Пушти дутои фалак, рост шуд аз хуррамӣ

Пушти дутои фалак, рост шуд аз хуррамӣ,
То чу ту фарзанд зод, модари айёмро.

Ҳикмати маҳз аст агар лутфи Ҷаҳонофарин
Хосс кунад бандае маслиҳати омро.

Давлати ҷовид ёфт ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Васфи туро гар кунанд, в-ар накунанд аҳли фазл
Ҳоҷати машшота нест, рӯи дилоромро.

Вақте модари рӯзгор фарзанди бузургворе чун туро ба дунё овард (ту таваллуд шудӣ), пушти хамидаи осмон аз шодию хурсандӣ рост шуд. (Пушти дуто ё қомати хамида аломати пирӣ, заифӣ ва ғаму андӯҳ аст ва агар шахс ҷавон ва хушбахту хурсанд бошад, пушт ва қомати ӯ рост мешавад. Ин ҷо осмон, ки дар назар шакли камон ва нимдоираро дорад, ба пушти дуто ва қомати хамидаи пирамарди андӯҳгин монанд (ташбеҳ) мешавад, ки бо таваллуди фарзанди хуҷаста дар домани замин, ки чун модар аст, ин пушти хамидаи осмон (падар) аз шодию хуррамӣ рост шуд. Ташбеҳи замину осмон ба зану мард ва модару падар дар адабиёти форсӣ бисёр маъмул аст, чуноне, ки Мавлоно Румӣ мефармояд:

Осмон марду замин зан дар хирад,
Ҳарчӣ он мекорад ин мепарварад.)

Коре дуруст ва хайри маҳз аст, ки агар Худованди ҷаҳонофарин бо лутфи хеш яке аз бандагонашро барои нафъ ва барои ба саодат расидани бандагони дигараш интихоб намояд (ва ӯро сарвари онон қарор диҳад ва онон дар сояи сарварии ӯ осуда зиндагӣ намоянд). (Инсони хушбахт) ва соҳиби давлати ҷовидон касест, ки дар ин дунё (амалҳои хайр анҷом дода) бо номи нек зиндагӣ намояд, зеро мардум аз чунин инсони нек пас аз мурданаш низ ба некӣ ёд меоранд (ва аз ӯ зикри хайр менамоянд) ва ба ин восита номи ӯ ҳамеша дар хотираи мардум (ва дар таърих) зинда мемонад.

(Хубию бузургии ту то ба ҳадде маълум ва машҳур аст, ки) дигар ту ба васфу ситоиши аҳли фазлу дониш эҳтиёҷе надорӣ (ва ин ки онон туро васф мекунанд ва ё васф намекунанд, дигар фарқе надорад), зеро вақте чеҳари маъшуқ ба таври табиӣ зебову дилкашу дилором бошад, дигар ҳеҷ ҳоҷате ба ороиши сунъӣ ва рангу бори он нест.

(Ҳамон гуна, ки Ҳофизи Шерозӣ низ ба ин маънӣ фармудааст:

Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист,
Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯи зеборо?)