Равандагони тариқ аз бало напарҳезанд

233

Равандагони тариқ аз бало напарҳезанд,
Гирифтагони иродат ба ҷавр нагрезанд.

Умедворон дасти талаб зи домани дӯст
Агар фурӯ гусилонанд, дар кӣ овезанд?

Магар ту рӯй бипӯшӣ, в-агарна, мумкин нест,
Ки аҳли маърифат аз ту назар бипарҳезанд.

Нишони ман ба сари кӯи майфурӯшон деҳ,
Ман аз куҷову касоне, ки аҳли парҳезанд?

Бигир ҷомаи сӯфӣ, биёр ҷоми шароб,
Ки некномию мастӣ ба ҳам наёмезанд.

Ризои дӯст ба даст ору дигарон бигзор,
Ҳазор фитна, чӣ ғам бошад, ар барангезанд?

Маро, ки бо ту ки мақсуде оштӣ афтод,
Равост, гар ҳама олам ба ҷанг бархезанд.

Ба хунбаҳои манат кас мутолиба накунад,
Ҳалол бошад хуне, ки дӯстон резанд.

Тариқи мо сари аҷз асту остони ризо,
Ки аз ту сабр набошад, ки бо ту бистезанд.