Равоқи манзари чашми ман остонаи туст

34

Равоқи манзари чашми ман остонаи туст,
Карам намову фуруд о, ки хона хонаи туст.

Ба лутфи холу хат аз орифон рабудӣ дил,
Латифаҳои аҷаб зери дому донаи туст.

Дилат ба васли гул, эй булбули саҳар хуш бод,
Ки дар чаман ҳама гулбонги ошиқонаи туст.

Илоҷи заъфи дили мо ба лаб ҳаволат кун,
Ки ин муфарриҳи ёқут дар хизонаи туст.

Ба тан муқассирам аз давлати мулозиматат,
Вале хулосаи ҷон хоки остонаи туст.

Ман он наям, ки диҳам нақди дил ба ҳар шӯхе,
Дари хизона ба муҳри тую нишонаи туст.

Ту худ чӣ луъбатӣ, эй шаҳсавори ширинкор,
Ки тавсане чу фалак роми тозиёнаи туст?!

Чӣ ҷои ман, ки билағзад сипеҳри шуъбадабоз
Аз ин ҳиял, ки дар анбонаи баҳонаи туст.

Суруди маҷлисат акнун фалак ба рақс орад,
Ки шеъри Ҳофизи ширисухан таронаи туст.