Равшании талъати ту моҳ надорад

127

Равшании талъати ту моҳ надорад,
Пеши ту гул равнақи гиёҳ надорад.

Гӯшаи абрӯи туст манзили ҷонам,
Хуштар аз ин гӯша подшоҳ надорад.

То чӣ кунад бо рухи ту дуди дили ман,
Ойина, донӣ, ки тоби оҳ надорад.

Шӯхии наргис нигар, ки пеши ту бишкуфт,
Чашмдарида адаб нигоҳ надорад.

Дидаму он чашми дилсияҳ, ки ту дорӣ
Ҷониби ҳеч ошно нигоҳ надорад.

Ратли гаронам деҳ, эй муриди харобот,
Шодии шайхе, ки хонақоҳ надорад.

Хун хуру хомуш нишин, ки он дили нозук
Тоқати фарёди додхоҳ надорад.

Гӯ, бираву остин ба хуни ҷигар шӯй,
Ҳар кӣ дар ин остона роҳ надорад.

Не ман танҳо кашам татовули зулф,
Кист, ки ӯ доғи он сиёҳ надорад?!

Ҳофиз агар саҷдаи ту кард, макун айб,
Кофири ишқ, эй санам, гуноҳ надорад.