Рав, ай сабову бигӯ ёри дилситони маро

Рав, ай сабову бигӯ ёри дилситони маро,
Ки ваъдаҳои дурӯғи ту сӯхт ҷони маро.

Сарою хонаам аз талъати ту равшан буд,
Сиёҳ сохт фироқи ту хонумони маро.

Фиғон ҳамекунам аз доғи ҳаҷри ту шабу рӯз,
Вале чӣ суд, ки ту нашнавӣ фиғони маро?

Зи нола рози ниҳонам ба рӯйи рӯз афтод,
Биё, зи хотами лаб муҳр кун даҳони маро!

Чӣ сон ҷамоли ту бинам, агар на пок кунӣ
Ба остини карам чашми хунфишони маро!

Чароғи шоми ғаматро фатила аз чӣ кунам,
Чу сӯхт фурқати ту мағзи устухони маро?!

Ғазалсароии Ҷомӣ, ки ҳасби ҳоли ман аст,
Тарона сохт ба ҳар кӯй достони маро!