Расид аз раҳ он шоҳи хубон пиёда

Расид аз раҳ он шоҳи хубон пиёда,
Қабо чуст карда, кулаҳ каҷ ниҳода.

Пайи қатли ушшоқ з-абрӯву ғамза
Камоне кашида, хаданге кушода.

Зи рӯйи замин чун қадам баргирифта,
Ҷаҳоне ба хидмат замин бӯса дода.

Сиришкам, ки ҳаргиз ситодан надонад,
Чу бо хоки пояш расида, ситода.

Парӣ в-одамӣ қосиранд аз ҷамолаш,
Ҳамоно, ки аз моҳу хуршед зода.

Саги остони ниёзам, ки дорам,
Ба гардан зи тавқи вафояш қалода.

Мазан баҳри бегонагон фоли ишқаш,
Ки ин қуръа бар номи Ҷомӣ фитода.