Рафтам ба боғу сарви хиромони ман набуд

Рафтам ба боғу сарви хиромони ман набуд
В-он навшукуфта ғунчаи хандони ман набуд.

Чун абри навбаҳор ба ҳар сӯ гиристам,
К-он сарв пеши дидаи гирёни ман набуд.

Накшод дил зи лола маро з-он ки бе рухаш
Доғи ғаме намонд, ки бар ҷони ман набуд.

Аз ҷайби ғунча, к-оби латофат ҳамечакид,
Ҷуз хуни дил чакида ба домони ман набуд.

Мурғи чаман гирифт сари худ фиғонкунон,
К-аш тоқати шунидани афғони ман набуд.

Ҳар ҷо намуд ҷилва буте бар саманди ноз,
Ҷонам зи рашк сӯхт, ки ҷонони ман набуд.

Ҷомӣ, магӯй баҳри чӣ мондӣ зи дӯст боз?
Ман чун кунам, ки бахт ба фармони ман набуд.