Рафтам ба боғ субҳдаме, то чинам гуле

465

Рафтам ба боғ субҳдаме, то чинам гуле,
Омад ба гӯш ногаҳам овози булбуле.

Мискин чу ман ба ишқи гуле гашта мубтало
В-андар чаман фиканда зи фарёд ғулғуле.

Мегаштам андар он чаману боғ дам ба дам,
Мекардам андар он гулу булбул тааммуле.

Гул ёри ҳусн гаштаву булбул қарини ишқ,
Онро тафаззуле на–ву инро табаддуле.

Чун кард дар дилам асар овози андалеб,
Гаштам чунон, ки ҳеч намондам таҳаммуле

Бас гул шукуфта мешавад ин боғро, вале
Кас бе балои хор начидаст аз ӯ гуле.

Ҳофиз, мадор умеди фараҳ аз мадори чарх,
Дорад ҳазор айбу надорад тафаззуле.