Рафтию ҳамчунон ба хаёли ман-андарӣ

551

Рафтию ҳамчунон ба хаёли ман-андарӣ,
Гӯӣ, ки дар баробари чашмам мусавварӣ.

Фикрам ба мунтаҳои ҷамолат намерасад,
К-аз ҳар чӣ дар хаёли ман ояд, накӯтарӣ.

Маҳ бар замин нарафту парӣ дида барнадошт,
То зан барам, ки рӯи ту моҳ аст, ё парӣ.

Ту худ фариштаӣ, на аз ин гил сириштаӣ,
Гар халқ аз обу хок, ту аз мушку анбарӣ.

Моро шикояте зи ту гар ҳаст, ҳам зи туст,
К-аз ту ба дигаре натавон бурд доварӣ.

Бо дӯст кунҷи фақр биҳишт асту бӯстон,
Бе дӯст хок бар сари ҷоҳу тавонгарӣ!

То дӯст дар канор набошад ба коми дил,
Аз ҳеч неъмате натавонӣ, ки бар х(в)арӣ.

Гар чашм дар сарат кунам аз гиря, бок нест,
Зеро ки ту азизтар аз чашм дар сарӣ.

Чандон ки ҷаҳд буд, давидем дар талаб,
Кӯшиш чӣ суд, чун накунад бахт ёварӣ?

Саъдӣ, ба васли дӯст чу дастат намерасад,
Боре ба ёди дӯст замоне ба сар барӣ!