Раҳо намекунад айём дар канори манаш

328

Раҳо намекунад айём дар канори манаш,
Ки доди худ биситонам ба бӯса аз даҳанаш.

Ҳамон каманд бигирам, ки сайди хотири халқ
Бад-он ҳамекунаду даркашам ба хештанаш.

Валек даст наёрам задан дар он сари зулф,
Ки маблағе1 дили халқ аст зери ҳар шиканаш.

Ғуломи қомати он луъбатам, ки бар қади ӯ
Буридаанд латофат чу ҷома бар баданаш.

Зи рангу бӯи ту, эй сарвқадди симандом,
Бирафт равнақи насрини боғу настаранаш.

Яке ба ҳукми назар пой дар гулистон неҳ,
Ки поймол кунӣ арғавону ёсуманаш.

Хушо тафарруҷи Наврӯз, хоса дар Шероз,
Ки барканад дили марди мусофир аз ватанаш.

Азизи Мисри чаман шуд ҷамоли Юсуфи гул,
Сабо ба шаҳр даровард бӯи пираҳанаш.

Шигифт нест, гар аз ғайрати ту бар гулзор
Бигиряд абру бихандад шукуфа бар чаманаш.

Дар ин равиш ки туӣ, гар ба мурда баргузарӣ,
Аҷаб набошад, агар наъра ояд аз кафанаш.

Намонд фитна дар айёми шоҳ, ҷуз Саъдӣ,
Ки бар ҷамоли ту фитна-сту халқ бар суханаш.


1 Миқдори зиёд.