Роҳест роҳи ишқ, ки ҳечаш канора нест

72

Роҳест роҳи ишқ, ки ҳечаш канора нест,
Он ҷо ҷуз он ки ҷон бисупоранд, чора нест.

Ҳар гаҳ ки дил ба ишқ диҳӣ, хуш даме бувад,
Дар кори хайр ҳоҷати ҳеч истихора нест.

Моро зи манъи ақл матарсону май биёр,
К-он шаҳна дар вилояти мо ҳечкора нест.

Аз чашми худ бипурс, ки моро кӣ мекушад?
Ҷоно, гуноҳи толеъу ҷурми ситора нест.

Ӯро ба чашми пок тавон дид чун ҳилол,
Ҳар дида ҷои ҷилваи он моҳпора нест.

Фурсат шумур тариқаи риндӣ, ки ин нишон
Чун роҳи ганҷ бар ҳама кас ошкора нест.

Нагрифт дар ту гиряи Ҳофиз ба ҳеч рӯй,
Ҳайрони он дилам, ки кам аз санги хора нест.