РУБОӢ: «Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ!»

Бо дода1 қаноат куну бо дод бизӣ!
Дар банди такаллуф2 машав, озод бизӣ!
Дар беҳ зи худе3 назар макун, ғусса махур,
Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ!

КАЛИМАҲОИ ҚОФИЯ: дод, озод, шод.

РАДИФ: бизӣ.

Луғат:

1. Дода: он чи Худованд насиби касе кардааст, насиба, тақдир.

2. Такаллуф: саъю кӯшиши зиёд, заҳмат, мурооти барзиёд ва сохта.

3. Беҳ зи худе: оне, ки аз ту беҳтару хуштар зиндагӣ дорад.

Маънии рубоӣ: Бо он чи Худованд ба ту насиба додааст, қаноат намову росту дуруст зиндагӣ кун. Ба ҳеч ваҷҳ пойбанди мурооти сохта машаву озод умр гузарон. Ғусса махӯру ранҷ мабар, ки каси дигар аз ту зиндагии хуштаре дорад, ба касоне назар кун, ки зиндагияшон аз ту пасттар аст ва шод бош, ки зиндагии хубтар аз дигаре дорӣ.