РУБОӢ: «Дар манзили ғам фиканда мафраш моем»

Дар манзили ғам фиканда мафраш1 моем
В-аз оби ду чашм дил пуроташ моем,
Олам чу ситам кунад, ситамкаш моем,
Дастхуши рӯзгори нох(в)аш2 моем.

КАЛИМАҲОИ ҚОФИЯ: мафраш, пуроташ, ситамкаш, нох(в)аш.

РАДИФ: моем.

Луғат:

1. Мафраш: чизи густарданӣ монанди палос, гилем.

2. Нох(в)аш: нохуш.

Маънии рубоӣ: Дар ин ғамкадаи дунё монанди гилеме ҳастем зери пойи андӯҳ қарор дорем ва аз сӯзи ашки хунин дили пурғами оташин дорем. Ситамкаши олами ситамгарему бозичаи дасти рӯзгори сиёҳем.