РУБОӢ: «Рӯят дарёи ҳусну лаълат марҷон»

Рӯят дарёи ҳусну лаълат1 марҷон,
Зулфат анбар2, садаф даҳон, дур3 дандон,
Абрӯ киштию чини пешонӣ мавҷ,
Гирдоби бало ғабғабу4 чашмат тӯфон.

КАЛИМАҲОИ ҚОФИЯ: марҷон, дандон, тӯфон.

РАДИФ: надорад.

Луғат:

1. Лаъл: гавҳари қиматбаҳо, истиора аз лаб.

2. Анбар: атриёт, ки аз меъдаи моҳии анбар ҳосил мекунанд, бӯйи хуш.

3. Дур: марворид.

4. Ғабғаб: бағбаға, гӯшти барҷастаи зери манаҳ.

Маънии рубоӣ: Эй нигор, рӯят дарёи ҳуснро мемонаду лабат монанди лаълу марҷон аст, аз зулфат бӯйи хуши анбар меояд ва даҳонат ба садафи пургуҳар монанд аст, ки радаи дандонҳоят дар он чун ҳамели марворид медурахшанд. Абрӯят ду киштиеро мемонад, ки дар мавҷи чини пешоният шино доранд. Бағбағаат чун гирдоби бало маро дар худ фурӯ мебаранду чашмонат чун тӯфони ин гирдоб бар ман хашм мегиранд.