РУБОӢ: «Ҷуз ҳодиса ҳаргиз талабам кас накунад»

Ҷуз ҳодиса1 ҳаргиз талабам кас накунад,
Як пурсиши гарм2 ҷуз табам3 кас накунад
В-ар ҷон ба лаб оядам ба ҷуз мардуми чашм4
Як қатраи об бар лабам кас накунад.

ВАЗН: Ҳазаҷи мусамман (мафъӯлу мафоӣлу мафоӣлу фаал).

КАЛИМАҲОИ ҚОФИЯ: талаб, таб, лаб.

РАДИФ: ам кас накунад.

Луғат:

1. Ҳодиса: пешомад, воқеаи ногувор

2. Пурсиши гарм: аҳволпурсии хуб, самимӣ. Калимаи «гарм» ин ҷо ба маънои маҷозӣ ба кор рафтааст ва бо «таб», ки гармии зиёд дорад, пайванди маъноӣ дорад.

3. Таб: беморӣ, ки ҳарорати бадан баланд мешавад.

4. Мардуми чашм: сиёҳии чашм аст ва дар ин байт инсиҷоми маъноӣ бо мардум дорад.

Маънии рубоӣ: Ба ғайр аз воқеаҳои ногувор касе ба суроғи ман намеояду ба ҷуз аз таби баланд ҳеч кас аз аҳволам гар намепурсад. Тарсон аз онам, ки мемираму касе ба ғайр аз мардумаки чашмам об дар гулӯям намечаконад. Яъне, дар охирин лаҳзаи ҳаёт бо оби чашмам гулӯямро тар мекунам.