Рухсатам деҳ, ки сари зулфи сиёҳат гирам

Рухсатам деҳ, ки сари зулфи сиёҳат гирам,
Дидаро равшанӣ аз рӯйи чу моҳат гирам.

Чу туро нест сари он ки биёбам ба ту раҳ,
Дод хоҳам, набиёям, сари роҳат гирам.

Гарчи бешам гунаҳе нест, занам дасти ниёз,
Домани лутф пайи афви гуноҳат гирам.

Соя афган ба ман, ай сарв, ки афтам ба ҳалок,
Гарна аз ҳодисаи даҳр паноҳат гирам.

Аз сари бистарам имшаб марав, ай ҳамсоя,
То ба андӯҳи шаби хеш гувоҳат гирам.

Ай гул, аз лутф мазан лоф, ки пеши рухи ӯ
Бо дусад барг яке барги гиёҳат гирам.

Ҷомиё, дам мазан аз дарду ғами ҳаҷр, ки ман
Шарҳи ин воқеа аз нолаву оҳат гирам.