Рух барафрӯхтаӣ, моҳи мунаввар шудаӣ

Рух барафрӯхтаӣ, моҳи мунаввар шудаӣ,
Қад барафрохтаӣ, рашки санавбар шудаӣ.

Дар накӯӣ рухи ту рӯз ба рӯз афзун аст,
Дӣ накӯ будиву имрӯз накӯтар шудаӣ.

Нест ҳадди башар ин ҳусну латофат, ки турост,
Рӯҳи қудсӣ, ки бад-ин шакл мусаввар шудаӣ.

Хӯйи ту бо ҳама ушшоқ вафову карам аст,
Дар ҳақи мо чӣ ҷафоҷӯю ситамгар шудаӣ.

Пеши болои ту пастанд ҳама сарвқадон,
Ҷойи он дорад, агар бар ҳама сарвар шудаӣ.

Андаке соя фиган бар сарам, ай давлати васл,
Ки пас аз меҳнати бисёр муяссар шудаӣ.

Ҷомӣ, аз ҳарфи риё пок бишӯ лавҳи замир,
Ду-се рӯзе, ки ҳарифи маю соғар шудаӣ.