Рӯза як сӯ шуду ид омаду дилҳо бархост

20

Рӯза як сӯ шуду ид омаду дилҳо бархост,
Май зи хумхона ба ҷӯш омаду мебояд хост.

Тавбаи зуҳдфурӯшони гаронҷон бигузашт,
Вақти риндию тараб кардани риндон пайдост.

Чӣ маломат бувад онро, ки чунин бода хурад?
Ин чӣ айб аст бад-ин бехирадӣ в-ин чӣ хатост?

Боданӯшӣ, ки дар ӯ рӯю риёе набувад,
Беҳтар аз зуҳдфурӯшӣ, ки дар ӯ рӯю риёст.

Мо на риндони риёему ҳарифони нифоқ,
Он ки ӯ олими сирраст, бад-ин ҳол гувост.

Фарзи Эзад бигузорему ба кас бад накунем
В-он чи гӯянд, раво нест, нагӯем равост.

Чӣ шавад, гар ману ту чанд қадаҳ бода хӯрем,
Бода аз хуни разон аст, на аз хуни шумост.

Ин чӣ айб аст, к-аз он айб халал хоҳад буд?
В-ар бувад, низ чӣ шуд, мардуми беайб куҷост?