Рӯзгорест, ки моро нигарон медорӣ

450

Рӯзгорест, ки моро нигарон медорӣ,
Мухлисонро на ба вазъи дигарон медорӣ.

Гӯшаи чашми ризое ба манат боз нашуд,
Инчунин иззати соҳибназарон медорӣ?

Соъид он беҳ, ки бипӯшӣ ту, чу аз баҳри нигор
Даст дар хуни дили пурҳунарон медорӣ.

На гул аз дасти ғамат расту на булбул дар боғ,
Ҳамаро наъразанон, ҷомадарон медорӣ.

Чун туӣ наргиси боғи назар, эй чашму чароғ,
Сар чаро бар мани дилхаста гарон медорӣ?

Гавҳари ҷоми Ҷам аз кони ҷаҳоне дигар аст,
Ту таманно зи гили кӯзагарон медорӣ.

Падари таҷриба, эй дил, туӣ, охир, зи чӣ рӯй
Тамаъи меҳру вафо з-ин писарон медорӣ?

Кисаи симу зарат пок бибояд пардохт,
Ин тамаъҳо, ки ту аз симбарон медорӣ.

Гарчи риндию харобӣ гунаҳи мост, вале
Ошиқе гуфт, ки ту банда бар он медорӣ.

Магзарон рӯзи саломат ба маломат, Ҳофиз,
Чӣ таваққуъ зи ҷаҳони гузарон медорӣ?