Рӯзи майдон аст, турки шаҳсавори ман куҷост?

Рӯзи майдон аст, турки шаҳсавори ман куҷост?
Чашми ҳар кас бар рухи ёрест, ёри ман куҷост?

Ошиқон ҳар кас ба рӯйи ёри худ хандону хуш,
Ман чунин ғамгин чароям, ғамгусори ман куҷост?

То баранд аз ҷилваи хубӣ хиҷолат некувон,
Нимҷавлоне зи сарви гулузори ман куҷост?

Чанд гардам беқарору сабр ҳар сӯ инчунин,
Он шикебомӯзи ҷони беқарори ман куҷост?

Дод кардам аз ғамаш умреву он бадхӯ нагуфт,
Он ки умре буд, хоки раҳгузори ман, куҷост?

Нест хуш бар домани покаш ғубори чун мане,
Бедиле, к-аз гиря биншонад ғубори ман, куҷост?

Монд Ҷомӣ дур аз он дар, ваҳ чӣ хуш бошад гаҳе
Боз пурсад, к-он ғариби хоксори ман куҷост?