Рӯзи ҳиҷрону шаби фурқати ёр охир шуд

166

Рӯзи ҳиҷрону шаби фурқати ёр охир шуд,
Задам ин фолу гузашт ахтару кор охир шуд.

Он ҳама нозу танаъъум, ки хазон мефармуд,
Оқибат дар қадами боди баҳор охир шуд.

Шукри Эзад, ки ба иқболи кулаҳгӯшаи гул
Нахвати боди даю шавкати хор охир шуд.

Субҳи уммед, ки буд муътакифи пардаи ғайб,
Гӯ: Бурун ой, ки кори шаби тор охир шуд.

Он парешонии шабҳои дарозу ғами дил,
Ҳама дар сояи гесӯи нигор охир шуд.

Боварам нест зи бадаҳдии айём ҳанӯз
Қиссаи ғусса, ки дар давлати ёр охир шуд.

Соқиё, лутф намудӣ, қадаҳат пурмай бод,
Ки ба тадбири ту ташвиши хумор охир шуд.

Дар шумор арчи наёвард касе Ҳофизро,
Шукр, к-он неъмати беҳадду шумор охир шуд.