Рӯз баромад баланд, эй писари ҳушманд

216

Рӯз баромад баланд, эй писари ҳушманд,
Гарм бибуд офтоб, хайма ба рӯяш бибанд.

Тифли гиё шир хурд, шохи ҷавон, гӯ, бибол,
Абри баҳорӣ гирист, тарфи чаман, гӯ, биханд.

То ба тамошои боғ майл чаро мекунад,
Ҳар кӣ ба хайлаш дар аст қомати сарви баланд?!

Ақл раво менадошт гуфтани асрори ишқ,
Қуввати бозуи шавқ бехи сабурӣ биканд.

Дил ки биёбон гирифт, чашм надорад ба роҳ,
Сар кӣ суроҳӣ кашид, гӯш надорад ба панд.

Куштаи шамшери ишқ ҳол нагӯяд, ки чун,
Ташнаи дидори дӯст роҳ напурсад, ки чанд?

Ҳар кӣ писанд омадаш чун ту яке дар назар,
Бас, ки нахоҳад шунид сарзаниши нописанд.

Дар назари душманон нӯш набошад ҳанӣ1,
В-аз қибали дӯстон неш набошад газанд.

Ин ки сараш дар каманд, ҷон ба даҳонаш расид,
Менакунад илтифот, он ки ба дасташ каманд.

Саъдӣ, агар оқилӣ, ишқ тариқи ту нест,
Бо кафи зӯрозмой панҷа нашояд фиканд.


1 Гуворо.