Рӯйи ту кас надиду ҳазорат рақиб ҳаст

63

Рӯйи ту кас надиду ҳазорат рақиб ҳаст,
Дар ғунчаӣ ҳанӯзу садат андалеб ҳаст.

Гар омадам ба кӯйи ту, чандон ғариб нест,
Чун ман дар ин диёр ҳазорон ғариб ҳаст.

Дар ишқ хонақоҳу харобот фарқ нест,
Ҳар ҷо, ки ҳаст, партави рӯйи ҳабиб ҳаст.

Он ҷо, ки кори савмааро ҷилва медиҳанд,
Ноқуси дайри роҳибу номи салиб ҳаст.

Ошиқ кӣ шуд, ки ёр ба ҳолаш назар накард,
Эй хоҷа, дард нест, в-агарна табиб ҳаст.

Фарёди Ҳофиз ин ҳама, охир, ба ҳарза нест,
Ҳам қиссае ғарибу ҳадисе аҷиб ҳаст.