Рӯйи ту офтобро монад

Рӯйи ту офтобро монад,
Лаъли ту шаҳди нобро монад.

Чун кушодӣ даҳан ба ханда, лабат
Дурҷи дурри хушобро монад.

Наргиси ту зи хоб нима шуда,
Наргиси нимхобро монад.

Пора-пора дилам бар оташи шавқ,
Пораҳои кабобро монад.

Пеши лабташнагони роҳи талаб
Ваъдаҳоят саробро монад.

Шуд гулистон китоби лутфу рухат
З-он китоб интихобро монад.

Хат бар он лаб хуш асту гирди зақан
Рақами носавобро монад.

Нақди ишқи туву дили вайрон
Ганҷу кунҷи харобро монад.

Назми Парвин чӣ равшан асту баланд,
Шеъри Ҷомӣ ҷавобро монад!