Рӯй бипӯш, эй қамари хонагӣ

592

Рӯй бипӯш, эй қамари хонагӣ,
То накашад ақл ба девонагӣ.

Булъаҷабиҳои хаёлат бибаст
Чашми хирадмандию фарзонагӣ.

Бо ту бибошам ба кадом обрӯй?
Ё бигурезам ба чӣ мардонагӣ?

Бо ту баромехтанам орзуст,
В-аз ҳама кас ваҳшату бегонагӣ.

Парда барандоз шабе шамъвор,
То ҳама сӯзем ба парвонагӣ.

Ё бикунад хонаи Саъдӣ хаёл,
Ё бибарад дӯст ба ҳамхонагӣ.