Рӯй кушода, эй санам, тоқати халқ мебарӣ

552

Рӯй кушода, эй санам, тоқати халқ мебарӣ,
Чун паси парда меравӣ, пардаи сабр медарӣ.

Ҳури биҳишт хонамат, моҳи тамом гӯямат,
К-одамие надидаам чун ту парӣ ба дилбарӣ.

Оинаро ту додаӣ партави рӯи хештан,
В-арна, чӣ заҳра доштӣ дар назарат баробарӣ?

Нусхаи чашму абруят пеши нигоргар барам,
Гӯямаш, инчунин бикун сурати Қавсу Муштарӣ.

Чун ту дарахти дилнишон, тозабаҳору гулфишон
Ҳайф бувад, ки сояе бар сари мо нагустарӣ.

Дида ба рӯи ҳар касе бар накунам зи меҳри ту,
Дар зи авом баста беҳ, чун ту ба хона-андарӣ.

Ман на мухайярам, ки чашм аз ту ба хештан канам,
Гар ту назар ба мо кунӣ, в-ар накунӣ, мухайярӣ.

Панди ҳаким беш аз ин дар ман асар намекунад,
Кист, ки бар кунад яке замзамаи қаландарӣ?

Ишқу давоми офият мухталифанд, Саъдиё,
Ҳар кӣ сафар намекунад, дил надиҳад ба лашкарӣ.